| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита                                                                                      


    12 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ду ҳафтаи сипаришуда ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти дуҳафтаина аз 29 август то 8 сентябри соли ҷории сорхторҳо ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.

    Ҳамзамон, оид ба рафти иҷрои мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои идоравӣ сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Салимзода Ш. ҳисобот дод.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ва дигар самтҳои марбутаи соҳавиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар баробари пурсишу масъалагузорӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

    Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.  

    Бозгашт