| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабинии кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар ноҳияи Спитамен
    Ахбор

    Чорабинии кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар ноҳияи Спитамен

    Масъалаи назорат ва кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба шумор меравад.

    Бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера дар роҳҳои нақлиётгарди миқёси шаҳру ноҳияҳо мунтазам амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати таҳлилии Сарраёсат дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чунин амалиёт дар роҳи асосии нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен баргузор гардидааст.

    Дар рафти амалиёт нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия низ иштирок дошта, дар маҷмӯъ 25 адад нақлиёти тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиши нақлиёт миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардида, се ҳолати вайрон кардани меъёри стандартҳои давлатӣ ва ихроҷи барзиёди партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО) ба фазои атмосфера ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа нисбати ронандагони 3 адад воситаи нақлиёт протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораандешӣ ба шуъбаҳои БДА-и шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд.

    Давоми ҳафта тибқи нақшаи корӣ, нозирони шуъбаҳои Сарраёсат бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 4 санҷиш ва амалиёти фаврӣ гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида 6 супоришҳои ҳатмӣ пешниҳод намуданд. Нисбати шахсоне, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд 3 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.



    Бозгашт