| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардиданд
    Ахбор

    Чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардиданд                                           


    Фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 30 03.2022, №38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» аз 1 апрел то 15 июни соли равон манъ гардида буд, ба итмом расид.

    Аз тарафи ситод ва кормандони масъули Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ҳамчунин зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баҳри иҷрои қарори раиси Кумита ва фармоиши сардори Сарраёсат аз 01.04.2022, №22 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» дар ин муҳлат як қатор тадбирҳо андешида шуд.

    Баҳри амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанборҳои вилоят, корҳои ташкилию амалӣ роҳандозӣ гардида, ҳамагӣ 256 маротиба амалиёти гуногуни назоратӣ гузаронида шудааст.

    Дар натиҷа 250 адад санади азназаргузаронӣ ва нисбати ҳолатҳои қӯруқшиканӣ 63 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, инчунин 9 адад мавод оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ба прокуратураи вилоят ҷиҳати оғози парвандаи ҷиноӣ пешниҳод гардидаст.

    Дар баробари ин 12 адад хулосаи ихтиологӣ оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дода шудааст. Ба муассисаю ташкилот, идораҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии пухтупази моҳӣ, ҳамагӣ 31 адад амрнома дода шуда, барои корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба аҳолӣ 27 маротиба вохӯрӣ баргузор гардидаст.

    Дар ин давра аз шаҳрвандоне, ки ба қӯруқшиканӣ роҳ доданд 6 адад заврақи резинӣ мусодира гардида, ҳамзамон 362 адад тӯрҳои моҳидорӣ бо тариқи сӯзонидан несту нобут карда шуданд.

    Дар самти мазкур назорати давлатӣ ҷиҳати истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ тибқи нақшаи корӣ мунтазам амалӣ карда мешавад.


    Бозгашт