| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор бахшда ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист
    Ахбор

    Чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор бахшда ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист


    Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор 4 июни соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар тамоми ҷамоатҳои шаҳри мазкур аксияҳои экологӣ ташкил ва баргузор гардиданд. Дар рафти чорабиниҳои мавриди назар тақрибан 300 нафар кормандони касбу кори гуногун, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сокинони ҷамоатҳо фаъолона иштирок намуданд.

    Аз ҷониби иштирокчиён соҳили ҷӯю, дарёҳо, қубурҳои обгузар, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, шафати роҳҳои мошингарду одамгузар, минтақаҳои аҳолинишин аз хасу хошок  ва партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ тоза карда шуд.

    Дар натиҷа 10 м3 партовҳо дар халтаҳои махсус ҷамъоварӣ гардида, тавассути  техникаи махсус ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд.

    Мақсад аз баргузории чунин аксияҳо ин тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мебошад.

     photo_2022-04-23_08-06-32.jpg  photo_2022-04-23_08-06-37.jpg photo_2022-04-23_08-06-30.jpg photo_2022-04-23_08-06-41.jpg

    Бозгашт