| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
    Ахбор

    Чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ                                     


    Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаҳои Меҳробод-Обшорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Чоряккорон, Сомониён ва Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

    Дар рафти баргузории аксияҳои мазкур 49 нафар сокинони ҷамоатҳои номбурда иштирок намуда, кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 130 метр соҳили селпартои Бачамазорро аз партвҳои полиэтиленӣ ва пластикӣ тоза намуданд.

    Дар натиҷа 400 метр шафати роҳҳо аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуда, дар натиҷа 3,7 м3 партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда, ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.

    Бозгашт