| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабиниҳои экологӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
    Ахбор

    Чорабиниҳои экологӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

    23 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ бо мақсади дар қалби наврасон ва шаҳрвандон бедор намудани ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба замин, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин дар шаҳраки Шириншо Шоҳтемур, маҳаллаи Хоруғи боло ва кӯчаи марказии ш. Хоруғ аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва баргузор гашт.

    Дар аксияи мазкур зиёда аз 100 нафар аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, хонандагони муассисаи таълимии Коллеҷи тибии шаҳри Хоруғ, кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбачаи экологӣ ва сайёҳии ВКД иштирок дошта, 2 км роҳ аз партовҳои маишӣ тоза гардида, 3 м3 партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуданд.

    Аз тарафи мутахассиси Сарраёсат санаи 22 апрели соли ҷорӣ бо толибилмони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Д.Шабдолов вохӯрӣ дар мавзӯи «Рӯзи замин-ин ҷавобгарии мо дар назди аҳли башар аст» баргузор гардид.

      


    Бозгашт