| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабиниҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
    Ахбор

    Чорабиниҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

    Баҳри муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ҷиҳати пешбурди масъалаҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ, кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

    Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии моҳӣ, иҷрои талаботи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, №38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» ва фармоиши сардори сарраёсат аз 1 апрели соли 2022, №22 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022», нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ. Расулов амалиёти фаврии шабонарӯзӣ гузарониданд.

    Яке аз минтақаҳо ҷиҳати моҳидории ғайриқонунӣ дар соҳили дарёи Сир, ин минтақаи Туқаи ҷамоати деҳоти Деҳмой ба шумор рафта, аксарият амалиёти фаврӣ мунтазам маҳз дар минтақаи мазкур гузаронида мешаванд. Дар натиҷаи баргузории чунин амалиёти навбатӣ 4 адад тӯри худсози моҳигирии бесоҳиб дарёфт ва ба анбори бахш оварда шуда, як сар моҳии тухмдошта аз тӯр озод гардида, ба дарё сар дода шуд.

    Бозгашт