| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин
    Ахбор

    Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин

    22 апрел Маркази Орхуси назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Маркази ахбори экологӣ ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе бо ҷалби устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи коммуналӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Замин дар мавзеи Лучоб аксия ташкил ва баргузор намуданд.

    Дар ин чорабинӣ 130 нафар устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зиёда аз 100 нафар кормандони соҳаи коммуналии ш. Душанбе иштирок намуданд.

    Иштирокчиёни аксия қад-қади соҳили дарёи Душанбе партовҳои сахти маиширо дар халтаҳо ҷамъоварӣ намуда, ба мошини партовкаш бор карданд. Дар натиҷа 25 м3 партовҳои сахти маишӣ аз соҳили дарёи Душанбе тоза карда шуданд.

      

    Бозгашт