| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории вохӯрӣ ва аксияи экологӣ таҳти унвони «Ояндаи бидуни пластик!» дар шаҳри Истаравшан
    Ахбор

    Баргузории вохӯрӣ ва аксияи экологӣ таҳти унвони «Ояндаи бидуни пластик!» дар шаҳри Истаравшан

    Тибқи нақшаи пешбинигардида, дар шаҳри Истаравшан аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Сафӣ» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷаҳон бидуни маҳсулоти пластикӣ», ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф дастгирӣ карда мешавад, вохӯрии иттилоотӣ ва аксияи «Ояндаи бидуни пластикӣ» баргузор гардид.

    Дар он намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҷамоати шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон, сокинони фаъоли шаҳр, бахши ҷавонони шаҳр, волонтёрон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» иштирок доштанд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баромад карда, доир ба зарари маҳсулоти пластикӣ маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур  бо мақсади  паст намудани таъсири зарари маводи пластикӣ ба саломатии инсон ва умуман ба ҷомеа роҳандозӣ гардидааст.  

    Ҳадафи гузаронидани чунин вохӯриҳои иттилоотӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва татбиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои  «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025»  мебошад. Мақсади асосии лоиҳа дар оянда ташкили коргоҳҳои коркарди партовҳои пластикӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ аз матоъ мебошад. Дар рафти аксия, ки дар назди мағозаи калонтарини шаҳри Истаравшан баргузор гардид, дар маҷмӯъ 500 адад халтаҳои қоғазӣ ва 500 адад халтаҳои аз матоъ истеҳсолшуда ба аҳолӣ тақсим карда, ҳамагонро барои дастгирии ин пешниҳод, баҳри солимии ҷомеа ва тоза нигоҳ доштани шаҳр даъват ба амал оварда шуд.

     

    Бозгашт