| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории шанбегӣ бо мақсади тозагӣ дар шаҳри Турсунзода
    Ахбор

    Баргузории шанбегӣ бо мақсади тозагӣ дар шаҳри Турсунзода

    Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва дар амал табиқ намудани фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва карори раиси шаҳри Турсунзода доир ба ташкил ва баргузор намудани аксияҳои “Тозагии маҳал” ва "Тозагии соҳил” бо иштироки беш аз 1000 нафар сокинони маҳал, намояндагони ташкилоту корхона ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дар қаламрави шаҳр шанбегӣ гузаронида шуд.

    Дар ин замина тозаву озода намудани шафати роҳ, бартараф намудани партовҳои полиэтиленӣ, поккории соҳили дарёву канал, ҷӯйҳо ва ба тартиб даровардани роҳрави ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ҷараён гирифт.

    Покизакориҳо инчунин дар маркази шаҳр, атрофи корхонаву ташкилот, идораҳои маъмурӣ ва қаламрави деҳот ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи тозакориҳо ба партовгоҳи беруназшаҳрӣ зиёда аз 20м3 партовҳои гуногун интиқол дода шуданд.


    Бозгашт