| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо»  дар бахши «Экология»
    Ахбор

    Баргузории сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо» дар бахши «Экология»

    Сессия Марказ (2).jpg

    Бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти маориф ва иттилоот ҳамкории судманд бо Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд амалӣ карда мешавад. Дар соли равон низ бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020 – 2040 як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд. Санаи 4 май дар бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо» аз рӯи 10 бахш, аз он ҷумла бахши «Экология» гузаронида шуд, ки ба ҳайси довар дар бахши мазкур намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд даъват гардид. Аз маҷмуи иштирокдорони сессияи вилоятӣ 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо дар бахши «Экология» иштирок намуда, корҳои илмӣ – тадқиқотии омӯхта ва баҳогузорӣ гардид. Аз ҷониби намояндаи сарраёсат камбудии иштирокчиён ислоҳ ва нисбати мавзӯҳои интихобгардида, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумоти васеъ пешниҳод карда шуд.

    Дар натиҷа ғолибон соҳиби диплом ва роҳхат ба чунин сессияи ҷумҳуриявӣ гардида, боқимонда хонандагон барои иштироки фаъол бо сипоснома қадршиносӣ карда шуданд.

    Ҳадафи роҳандозии иқдоми мазкур ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ ва хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бахшида ба эълон гардидани 50-солагии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин барои баланд бардоштани донишҳои экологӣ, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, рушди қобилияти эҷодӣ ва малакаи ихтироъкории хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ ва табиатшиносӣ саҳми арзанда дорад.



    Бозгашт