| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории семинари бозомӯзӣ оид ба риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”
    Ахбор

    Баргузории семинари бозомӯзӣ оид ба риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”

    Семинар забон 2022 (1).jpg

    Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории семинарҳои бозомӯзӣ барои нимсолаи якуми соли 2022 санаи 6 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумита семинари бозомӯзӣ дар мавзуи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст, машғулияти навбатии бозомӯзӣ баргузор гардид.

    Дар семинари бозомӯзии мазкур аз ҷониби муовини сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Сангов И. Х. мавзуи болозикр шарҳу  маънидод карда шуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар таҳияи тамоми ҳуҷҷатҳои идорӣ, ки аз тарафи масъулони сохторҳои Кумита иҷро мегардад, риояи қоидаҳои мавриди назар ҳатмӣ мебошад.

    Дар интиҳо вобаста ба мавзуи матраҳгардида саволу ҷавоб сурат гирифт, ки барои риояи комили қоидаҳои имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ мусоидат менамояд.


    Бозгашт