| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • КОНФРОНСИ ТАРАФҲО 27
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории семинар -тренинг оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағйирёбии иқлим
    Ахбор

    Баргузории семинар -тренинг оид ​​ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағйирёбии иқлим                       

    Санаҳои 6 ва 7 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе семинар -тренинг оид ​​ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

    Семинар-тренинги мазкур бо сухани муқаддимавии намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид.

    Сипас, дар қисматҳои рӯзи якуми чорабинӣ баромадкунандагон дар мавзуъҳои “Навсозии умумӣ дар бораи пешрафти лоиҳаҳои татбиқшаванда” ва “Оид ​​ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои тағйирёбии иқлим” ба тариқи маърӯзаю рӯйнамоҳо баромад намуданд.

    Дар рӯзи дуюми чорабинӣ мавзуъҳои вобаста ба “Муаррифии харитаи роҳ оид ба ҷалби бахши хусусӣ барои ҷонибҳои манфиатдор” ва “Баррасии имкониятҳои ҷалби бахши хусусӣ ба амалиёти иқлим” мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуд.

    Зимнан, дар ҳар як қисматҳои мавзуъҳои мавриди назар суолуҷавоб ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, ки барои гузоштани қадамҳои ҳамгироёнаи баъдӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои пешбинигардида дар самт мусоидат менамояд.

    IMG_0436.JPG IMG_0458.JPG IMG_0469.JPG IMG_0633.JPG

     IMG_0648.JPG IMG_0649.JPG


    Бозгашт