| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории нишасти матбуотии Саррасаёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон
    Ахбор

    Баргузории нишасти матбуотии Саррасаёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон                                                       

    СУРАТ А РАФТИ НИШАСТ САРРАЁСАТ.jpg

    21-уми июли соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқнамудаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо иштироки васеи рӯзноманигорони расонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон оид ба фаъолияти Сарраёсат дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.

    Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мусозода Шодӣ, кормадони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

    Сардори Сарраёсат Мусозода Ш., иброз намуд, ки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои дахлдори вилоят корро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда дар ин давра корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

    Дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба миқдори 1908 санҷиш аз ҷумла 95 санҷишҳои нақшавӣ ва 1813 амалётҳои назорати давлатӣ гузаронида, барои ҷой доштани камбудиҳо ва беҳ гардонидани вазъи экологии иншоотҳои санҷидашуда 3593 пешниҳодҳо дода, аз онҳо 2798 пешниҳодҳои дода шуда, иҷро гардидаанд.

    Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра барои боз ҳам тозаю озода нигоҳ доштан ва хурраму зебо гардонидани маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва эмин нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз ифлосиҳо бахшиба ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 298 маротиба аксияҳои экологӣ гузаронида шуд, ки дар он сокинони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

    Пас аз баромади роҳбарияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон рӯзноманигорон бештар ба мавзуъҳои ҳолати хуби санитарию экологии вилоят, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, атрофи хонаҳои баландошиёна ва биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо, роҳу кӯчаҳо, аз ифлосиҳо эмин нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ саволҳо пешниҳод намуда ба худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

    Бозгашт