| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
    Ахбор

    Баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ                                         

    24 декабри соли ҷорӣ дар  "Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Тоҷикистон"-и ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳраки Бӯстон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар худуди шаҳрак ва боғи Фарҳангию фарогатии "Тоҷикистон" зиёда аз 950 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкани, ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ 2500 бех ва пиёзаки гули лола 6400 дона шинонида шуд.

    Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ., ҳамчунин кормандони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва шаҳрвандон иштирок намуда, ниҳол шинониданд.

    Аксияи мазкур дар асоси қарори раиси вилоят "Дар бораи таъсиси ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят барои соли 2022" доир гардид.

    image-26-12-23-10-04-18.jpeg image-26-12-23-10-04-9.jpeg image-26-12-23-10-04-13.jpeg 

     


    Бозгашт