| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон
    Ахбор

    Баргузории корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон


    Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 августи соли ҷорӣ дар ҷамоати шаҳраки Дустии ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонӣ ва созандагӣ баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур беш 350 нафар кормандони муассисаю ташкилотҳо, сокинони ҷамоат ва кормандони бахши ҳифзи муҳити зист фаъолона  иштирок намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокчиён бехи дарахтонро нарм ва аз  алафҳои бегона тоза намуданд. Инчунин кӯчаву роҳравҳо ва макони истиқоматии худро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуданд. Дар натиҷа 6,3 м3  партов ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.  Корҳо дар ин самт идома дорад.



    Бозгашт