Баргузории конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Табиат сахтгиру тундгир аст» дар ноҳияи Мастчоҳ
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ таҳти унвони «Табиат сахтгиру тундгир аст» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.
Дар конференсия омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, коллеҷи омӯзгории н. Зафаробод ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Пас аз намоиши корҳои эҷодӣ ва сухани ифтитоҳии директори муассиса баромадҳои донишҷӯён ва омӯзгорон дар мавзуъҳои истифодаи самаранок ва оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ, истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он, роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам бо рӯнамоҳо баромад намуданд.
Дар қисмати муҳокимаи маърузаҳо ва таҳлили баромадҳо саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои худ иштирокчиён маълумот гирифтанд.