| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар ВМКБ
    Ахбор

    Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар ВМКБ

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ оид ба иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2021, №5 ба мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷуйборҳо корҳои муайянро ба сомон расонид.

    Аксияи «Тозагии соҳил-2022» аз моҳи март оғоз ёфта, дар рӯзҳои мувофиқ дар тамоми қаламрави вилоят идома ёфта истодааст.

    1апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аксияи «Тозагии соҳил» дар маҳаллаи Ниводак баргузор гардид.

    Дар аксияи мазкур 70 нафар кормандони сарраёсат ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, Хоҷагии Ҷангал, Зоркул ва Парки Миллӣ иштирок намуда, соҳили дарёи Ғундро дар масоҳати 1,2 км тоза намуданд.

    Зиёда аз 1,5 м3 партовҳо аз соҳили дарё ҷамъоварӣ шуда, ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.


    Бозгашт