| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории ҳашари умумишаҳрӣ дар Турсунзода
    Ахбор

    Баргузории ҳашари умумишаҳрӣ дар Турсунзода

    Рӯзҳои 18–20 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода бо иштироки кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳр ҳашари умумишаҳрӣ ва аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» барпо гардид.

    Дар ҳашари умумишаҳрӣ ва  аксияҳои  экологӣ беш аз 4000 нафар сокинони маҳал иштирок намуда, шафати роҳҳои мошингарду пиёдагард, инчунин соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо аз партову алафҳои бегона  пурра  тоза карда шуданд.   Дар ин чорабиниҳои беҳдоштии муҳити зист зиёда  аз 20 куб партовҳо ба партовгоҳи асосии шаҳр интиқол дода шуданд.

    Ҳамзамон, обмонӣ ва нармкунии гулгаштон ва дарахтон низ гузаронида шуд. Чунин аксияҳо ва ҳашарҳои умумишаҳрӣ минбаъд низ дар ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳр идома дода мешавад.

       
    Бозгашт