| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
    Ахбор

    Баргузории ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита

    IMG_31287.jpg

    16 майи соли 2022 ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаи қаблии сохторҳои Кумита ва зерсохторҳои он, супоришҳо барои ҳафтаи аз 16 то 21 майи соли ҷорӣ баргузор гашт.

    Пас аз ифтитоҳи кори ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон корманди Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, кадастр ва обуҳавошиносӣ Эшонов Анвар бо маърӯзаи ҳисоботии таҳлилӣ баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаинаи мақомоти соҳавиро пешниҳод намуд.

    Сипас вобаста ба гузориши ҳисоботии маърӯзачӣ раиси Кумита Шерализода Б. А. масъалаҳои ҷории фаъолияти сохторҳоро аз масъулон пурсон шуда, дар ин баробар барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдшта оид ба пешбурди назорати давлатӣ ва дигар сохторҳои соҳавӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

    Ҳамзамон, раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба чорабинии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист, ки даҳаи якуми моҳи июн дар назар дошта шудааст, ба иҷрокунандагон дастурҳо доданд.

    Дар охир, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷорӣ, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдор қабул карда шуд, ки барои корбарӣ ба масъулони дахлдори соҳавӣ фиристода мешавад.


    Бозгашт