| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
    Ахбор

    Баргузории ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита

    25 апрели соли 2022 ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаи қаблии сохторҳои тобеи Кумита ва супоришҳо барои ҳафтаи аз 25 то 30 апрели соли ҷорӣ баргузор гашт.

    Сардори Раёстаи мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров Исфандиёр бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаинаи мақомоти соҳавиро пешниҳод намуд.

    Сипас вобаста ба гузориши ҳисоботи маърӯзачӣ раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон омилу сабабҳои камбудиҳо дар самтҳои фаъолияти назоратӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назарро аз масъулони сохторҳои дастгоҳи марказӣ пурсон шуд. Сардорони сохторҳои соҳавӣ оид ба фаъолияти самтҳои марбутаашон дар назди раиси Кумита ба таври мушаххас ҳисобот доданд.

    Дар охир, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷорӣ, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда, қарори дахлдор қабул карда шуд, ки барои корбарӣ ба масъулони дахлдори соҳавӣ фиристода мешавад.


    Бозгашт