| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ВМКБ
    Ахбор

    Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ВМКБ                                                                                                

    20220930_150103.jpg

    30-юми сентябри соли 2022 ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2022, №1 ба мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ, дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти Оғохон оид ба макони зист ва дастаи “Нозирони сабз”-и Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар махаллаи Ниводаки хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид.

    Дар рафти баргузории аксия беш аз 100 нафар сокинони маҳал иштирок намуда, соҳили дарёи Панҷро дар масоҳати 1 км аз партовҳои маишӣ тоза карда, 3 м3 партовҳои ҷамъгашта ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд.


    Бозгашт