| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳринав
    Ахбор

    Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳринав                                                       

    IMG_6325 (1).jpg

    Кормандони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита дар асоси Фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.22, №175 «К» бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи захираҳои об, аз ҷумла назорати хати муҳофизатии манбаъҳои обӣ, ҳолати пармакунии чоҳҳои амудии обкашӣ ва ошкор намудани омилҳои ифлоскунандаи манбаъҳои об дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав амалиёти назоратӣ гузарониданд.

    Дар раванди гузаронидани амалияти назоратӣ манбаъҳои ифлоскунандаи захираҳои обӣ ошкор карда шуда, бо масъулин чораҷӯӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда рӯзи 23 июл дар ҷамоати деҳоти Шаҳринав ва Сабои ноҳия, соҳили чапи дарёи Қаратоғ ва канали калони Ҳисор аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ 40 нафар кормандони корхонаю ташкилотҳо ва сокинони ноҳияи болозикр иштирок намуданд.

    Дар натиҷаи аксияи гузаронидашуда бо истифодаи як техникаи боркаш аз шафати объектҳои об 4 м3 партовҳо тоза карда шуда, ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуданд.

    Ҳамзамон, бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти зикршуда барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.


    Бозгашт