| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Шаҳринав
    Ахбор

    Баргузории аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Шаҳринав

    IMG_20220813_082305.jpg

    Баҳри омодагиҳо ба истиқболи  Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳринав дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода аксияи “Тозагии роҳ" баргузор гардид.

    Дар натиҷаи баргузории аксияи мазкур бо дарозии 7,5 км шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода аз ҷониби ҷамоатҳои маҳал ва кормандони касбу кори гуногун тоза карда шуда,  3м³ партов ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

    Шумораи иштирокдорони аксияи “Тозагии роҳ” дар ноҳияи Шаҳринав 460 нафарро ташкил дод. 


    Бозгашт