| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Ҳисор

    Бахшида ба рӯзи байналмилалии Иди Наврӯз, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҷамоати деҳоти Сомон аксияи “Тозагии маҳал” баргузор гардид.

    Дар аксияи мазкур беш 200 нафар сокинони ҷамоат иштироки фаъол намуда, маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву роҳравҳо ва соҳили каналу ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карда, бехи дарахтони саяафкану ороиширо нарм ва аз алафҳои бегона тоза намуданд. Дар натиҷа 1,5 м3 партовҳо ҷамъоварӣ карда шуда ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд.

    Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявиро васеъ истифода мекунад, то ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд.

     


    Бозгашт