| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияи  “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Сомонии  шаҳри Душанбе
    Ахбор

    Баргузории аксияи  “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Сомонии            шаҳри Душанбе

     

    Бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор истиќбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аксияи экологии “Тозагии маҳал” доир гардид.

    Дар аксия кормандони сохторҳои коммуналӣ, кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур ва сокинони кӯчаи М. Турсунзода ва хиёбони Рӯдакӣ мансуб ба минтақаҳои КВД “Манзилхизматрасонии № 1 ва 2” фаъолона ширкат варзида, ба миқдори 95 м3 партовҳои сахти маишӣ ҷамъоварӣ ва гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, роҳравҳо дар масоҳати 420380 м2 рӯбучин ва 4365 метри тӯлонӣ ҷӯйборҳои обрав аз партов тоза гардида,  тавассути техникаҳои махсуси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

    Ба ғайр аз ин, ҷиати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, роҳ надодан ба ҷойгир намудани партов дар ҷойҳои номуайян, ҷойгир намудани партов дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар вақти муайяншуда, тоза нигоҳ доштани новаҳои обгузари ҳудуди маҳалла ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию шукӯфоӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо аҳолии кӯчаҳои болозикр суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

    Дар сӯҳбат бо аҳолӣ риояи ќоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025” таъкид гардид.



    Бозгашт