| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
    Ахбор

    Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ                                                           

    IMG_4687.jpg

    16 июли соли 2022 тибқи нақшаи чорабниҳои тасдиқшудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон баҳри омодагиҳо ба истиҳболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бахши ҳифзи муҳити зист, ҷамоати деҳоти “Калинин”, “50-солагӣ” ва деҳаи Ваҳдати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аксияи “Тозагии маҳал” доир гардид.

    Дар чорабинии мазкур зиёда аз 500 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, сокинони касбу кори гуногун иштирок намуда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҳифзи муҳити зист саҳни корхонаву такшилотҳо, кӯчаву шоҳроҳу роҳравҳо ва қад-қади ҷӯю каналҳоро аз партов ва алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтонро нарм намуданд.

    Чуноне ки Абдулқудус Абдуалимов, мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи А. Ҷомӣ иброз дошт, то арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ аксияҳои тозагии маҳалу соҳил дар тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гузаронида мешавад. Бо баргузор намудани чунин аксияҳо метавон дар ободӣ ва шукуфоии гӯшаҳои зебои Ватан ва тарбияи маънавии насли наврас дар дӯстдории табиат саҳми муносиб гузошт.


    Бозгашт