| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияиҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Баргузории аксияиҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор

    Ҷиҳати иҷрои фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳисор, Дурбат, Мирзо Ризо ва ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.

    Аксияҳо бо ҷалби васеи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сокинони ҷамоатҳо, бо иштироки беш аз 200 нафар гузаронида шуда, ба тоза намудани гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода, ҷуйҳои обгузар ва ҳудуди ҷамоатҳоро аз ҳаргуна партовҳо ва алафҳои бегона машғул шуданд.

     Дар натиҷа 4м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи техникаҳои боркаш ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.

    Мақсад аз ҷалби аҳолӣ дар тозакориҳо, ин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии шаҳр мебошад.

      


    Бозгашт