| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияи экологии “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Мурғоб
    Хабар

    Баргузории аксияи экологии “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Мурғоб

    9e85677f-25ad-471e-9d33-cb2ea4c1131f.jpg

    Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоб ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллию давлатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю паскӯчаҳо ва ҷалби шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи экологӣ вобаста ба баргузор намудани аксияи «Тозагии соҳил-2022» корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

    21 майи соли ҷорӣ бо иштироки беш аз 150 нафар кормандони касбу кори гуногун, сарбозон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ аксияи «Тозагии соҳил-2022» баргузор гардид.

    Дар рафти аксияи мазкур аз ҷониби иштирокчиён маркази ноҳия ва инчунин соҳили дарёи Оқсӯ ба масофаи 1 км аз ҳаргуна партовҳо тоза гардида, партовҳои ҷамъшуда ба партовгоҳи марказӣ интиқол дода шуданд.


    Бозгашт