| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии  соҳил» дар шаҳри Ҳисор

    Баргузории аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар шаҳри Ҳисор

    21 июни соли ҷорӣ баҳри омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Ҳисор бо иштироки кормандони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гашт.

    Дар чорабинии мазкур зиёда аз 200 нафар кормандони касбу кори гуногун, сокинони ҷамоатҳо иштироки фаъол намуда, ҷӯйҳои обгӯзар, ҷойҳои фарҳангию истироҳатӣ, минтақаҳои аҳолинишин ва инчунин шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода аз алафҳои бегона ва ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон нармкунии бехи гулҳову ниҳолҳои дар шафати шоҳроҳ шинонидашуда сурат гирифт. Дар натиҷа 4 м3 партовњо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.

    Дар оянда низ шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад бурд.
     

    Бозгашт