| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор

    Дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр санаи 26 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳисор тадбирҳои солимгардонии муҳити зист, аз қабили аксияҳоии экологӣ гузаронида шуд.

    Дар ин самт тибқи нақшаи чорабинии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ” гузаронида шуданд.

    Зимни ин чорабиниҳои экологӣ масъулини соҳа бо ҷалби идораи коммуналӣ, бештар аз 600 нафар кормандони касбу кору гуногун ва сокинон ба ҳам омада, дар тозаву озода намудани мавзеъҳои гуногуни аҳолинишин, маконҳои ҷамъиятӣ, соҳилҳои дарёҳо, шафати роҳи мошингард, роҳравҳо ва гулгашту хиёбонҳо ҳиссаи муносиб гузоштанд.

    Дар ин баробар бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор 3 адад техникаҳои соҳавӣ сафарбар гардида, аз ҷумла партовгоҳҳои муваққатиро ба пуррагӣ тоза намуданд, ки ин тадбир бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ рӯи кор омадааст. Дар натиҷа 6 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.

    Чунин чорабиниҳои солимгардонӣ ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳат бо иштироки доираи васеи истиқоматкунандгон дар маҳаллаҳои аҳолинишин низ баргузор мегарданд, ки ин аз маърифати баланду зебоипарастии онҳо дарак медиҳад.

      

    Бозгашт