| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияҳои экологӣ дар  ноҳияи Рӯдакӣ
    Ахбор

    Баргузории аксияҳои экологӣ дар  ноҳияи Рӯдакӣ                                                                                                      

    тозагии шохрох чоргултеппа.jpg

    8 октябри соли 2022 аз тарафти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рўдакӣ ҷиҳати беҳдошти муҳити зист ва тозаю озода нигоҳ доштани   ноҳия дар якчанд ҷамоат корҳои нақшавӣ бо иштироки сокинони ҷамоати деҳоти Султонобод, Чоргултеппа ва ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода аксияи “Тозагии шоҳроҳ”,“Тозагии маҳал”ва“Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд.

    Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии худуди ноҳияи мазкур, шоҳроҳи Душанбе–Ёвон, Душанбе- Рудакӣ ва соҳили чапи дарёи Кофарниҳон аз партовҳо тоза гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 200 нафар сокинони   ноҳия ҷалб гардида, 3800м роҳ ва   дар рафти баргузории он ба масофаи 80 метр соҳил роҳҳои пиёдагарду наќлиётгузар аз партовҳо тоза карда шуд, инчунин ба миќдори 13,5 метри мукааб партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

    Чунин чорабиниҳои экологӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ пайваста гузаронида мешавад.


    Бозгашт