| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим
    Ахбор

    Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим                                       

    IMG_20220614_092916.jpg

    Дар шаҳри Гулистон, Маркази таълимии Бонки миллӣ, дар доираи лоиҳаи минтақавии «Тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоти байналхалқию ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ ва идораю ташкилотҳое, ки бо масоили тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошанд, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо мизи мудаввар баргузор гардид.

    Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсат дар мавзӯи «Нақши Барномаи давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим» презентатсия пешниҳод гардид, ки дар доираи он иштирокдорон бо пуррагӣ бо «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шинос карда шуданд.

    Мақсади асосии вохӯрии иттилоотӣ ин ҳамоҳангсозии фаъолият ва рушди ҳамкорӣ байни мақомот ва сохторҳои давлатӣ, инчунин шарикони рушд буда, бо назардошти пешниҳоди иштирокчиён «Нақшаи амал» барои баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва тақвияти чораҳои пешгирии хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таҳия карда мешаванд.

    Бозгашт