Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон
Бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии БРСММ дар Тоҷикистон дар МТМУ № 94-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон викторинаи экологӣ доир гардид.
Ҳадаф аз таҷлили рӯзи ҳифзи қабати озон ва татбиқи Конференсияҳои байналмиалии самти марбутаро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он соли 1995 шомил гардидаанд, ба толибилмони муассисаи мазкур фаҳмонида доданд.
Бо мақсади пешгирии вайроншавии қабати озон ҳамасола аз ҷониби мақомоти ваколатдор як силсила чорабиниҳо омода ва роҳандозӣ мегарданд, ки барои ҳифзи қабати озон мусоидат менамояд. Аз ҷумла тибқи дастури роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии хонандагон, огоҳии бештари муҳассилин ва аҳли ҷамоатчигӣ роҷеъ ба иттилоотонии мардум барои пешгирӣ аз вайроншавии ҳифзи қабати озон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва амалӣ шуда истодааст.
Дар поени чорабинӣ аз ҷониби масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон, ки дар викторинаи экологӣ фаъолона ширкат варзиданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.