| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҳашари ниҳолшинонӣ ва аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Хоруғ
    Ахбор

    Ҳашари ниҳолшинонӣ ва аксияи “Тозагии маҳал”

    дар шаҳри Хоруғ

    26-28 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳашари ниҳолшинонӣ ва аксияи “Тозагии маҳал” баргузор гардид Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар иштирок намуданд, ки шумораи ширкаткунандагон 110 нафарро ташкил дод.

    Дар рафти ин чорабинии экологӣ дар ҳудуди боғи “Ғалаба”, боғи ботаникии “Помир” ва қад-қади роҳҳои асосии шаҳр зиёда аз 900 бех ниҳолҳои дарахтони навъи ҳамешасабзу ороишӣ ва туя шинонда шуд. Тибқи тавсияи мутахассион дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ниҳолшинонӣ то 10 апрел идома меёбад.

    Дар аксияи экологии “Тозагии маҳал” 25 нафар ширкат варзида ҷӯйборҳоро аз лойқа ва 5000 м2 ҳудуди кӯчаи Ш. Шоҳтемурро рӯбучин намуданд. Дар натиҷа 1 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи шаҳр интиқол дода шуданд.


    Бозгашт