| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҳашари ниҳолшинонӣ дар мавзеи оромгоҳи Лучоб
    Ахбор

    Ҳашари ниҳолшинонӣ дар мавзеи оромгоҳи Лучоб

    Тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сабзу хуррам гардонидани муҳити зист ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуда, боғҳои нав бунёд мегарданд. Ин иқдоми наҷибона аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ҳамовозӣ пайдо намуда, ҳар як нафар мехоҳад дар корҳои ободонию сабзкорӣ саҳмгузор бошад.

    Дар пайи ҳамин гуна иқдомҳои ҳадафмандона маъракаи ниҳолшинонии мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 13 ноябри соли ҷорӣ расман оғоз гардид. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашари умумие, ки дар мавзеи оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки беш аз 800 адад ниҳолони дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.

    Дар ҳашари мазкур беш аз 400 нафар кормандон, аз ҷумла аз дастгоҳи марказии Кумита, зерсохтори он дар шаҳри Душанбе, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, инчунин кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, дар сабзу хуррамгардонии мавзеи мазкур саҳми худро гузоштанд.

    Чунин тасмим барои ниҳолшинонӣ имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯи даст гирифта шуда, вобаста ба мусоид омадани боду ҳаво вусъат меёбад.


    Бозгашт