Дар баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бениҳоят назаррас аст. Бо ин мақсад 17 сентябри соли ҷорӣ бо иқдоми раиси шаҳри Ҳисор дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ҳашари дастаҷамъона бо иштироки васеи кормандону сокинони шаҳр ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур беш аз 650 нафар иштирок намуда, шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода, маҳаллаҳои аҳолинишин, назди муассисаҳо таълимӣ ва биноҳои маъмурӣ аз ҳаргуна партовҳо тоза гардида, дар халтаҳои махсус ҷамъоварӣ шуданд. Инчунин бехи дарахтон ва гулҳо нарм карда шуданд.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳр иштирок ва рафти онро назорат намуданд. Дар натиҷа 9,5 м3
партовҳо ҷамъоварӣ шуда, ба партовгоҳи умумӣ интиқол дода шуданд.