| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷамъомади клуби эко-журналистон оид ба масъалаҳои обу ҳаво ва тағйирёбии иқлим
    Ахбор

    Ҷамъомади клуби эко-журналистон оид ба масъалаҳои обу ҳаво ва тағйирёбии иқлим

    IMG_3264.jpg

    19 майи соли ҷорӣ дар доираи амалигардонии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2021, №116 қабул гардидааст, ҷамъомади клуби экожурналистон бо мутахассисони Агентии обуҳавошинеосии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу ҳаво ва тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

    Тибқи Нақшаи гузаронидани чорабиниҳои клуби экожурналистони Кумита дар соли 2022, ки он 10 марти соли ҷорӣ 2022 ҷониби раиси Кумита тасдиқ гардидааст, машғулияти нахустини мавсими имсола ин “Шиносоӣ бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ, аз ҷумла объектҳои обуҳавосанҷӣ дар робита ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим буд.

    Бо иштироки беш аз 20 нафар аъзои клуби мазкур ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо роҳбаладии мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ нахуст ба ноҳияи Варзоб сафар намуда, бо фаъолияти стансияҳои обуҳавошиносии Ҳушёрӣ ва Майхӯра шинос шуданд. Дар ин сафар аз ҷониби муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева ва масъулони стансияҳои мазкур бо аъзоёни маҳфил мусоҳибаю саволу ҷавобҳои тӯлонӣ сурат гирифт.

    1653020860067.jpg

    Маҳфили мазкур баъди нисфирӯзӣ низ идома ёфта, аъзои маҳфил аз шароити муҳайёгашта ва фаъолияти кормандони Агентии обуҳавошиносӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

    Дар ин баробар, аъзои маҳфил дар студияи Агентии обуҳавошиносӣ бо масъулини Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита оид ба масъалаи амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои Кумита роҷеъ ба ҳадафҳои экологии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва омодагиҳо ба Конференсияи навбатии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи мазкур, ки аввалҳои моҳи июн дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мусоҳиба анҷом доданд.

    Сипас, мутахассисони Агентӣ дар толори бозомӯзии бинои мазкур бо аъзоёни маҳфил оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ, аз ҷумла обнокии дарёҳо, вазъи боду ҳаво, ҳолати кунунии барфу пиряхҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва масоили дигари вобаста ба мавзуи мавриди назар маълумотҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.


    Бозгашт