| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҳамкориҳо дар соли 2023 боз ҳам густариш хоҳанд ёфт
    Ахбор

    Ҳамкориҳо дар соли 2023 боз ҳам густариш хоҳанд ёфт                                                       

    20230117_102433.jpg

    17 январи соли 2023 муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон сардори шуъбаи муҳити зисти Департаменти иқтисодию экологии Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе хонум Муҳаббат Камароваро ба ҳузур пазируфт. Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З.С. зимни мулоқот нахуст ба намояндаи Дафтари САҲА дар Душанбе ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва саҳми муносиб гузоштан дар беҳдошти муҳити зист изҳори сипос намуд. Дар суханронии М. Камарова ҳамзамон аз густариши ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

    Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд  Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе барои чопи он маводҳои маърифатию иттилоотие, ки аз ҷониби кормандони Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ таҳия карда шудааст,  ёрии ҳамаҷониба мерасонад.   

    Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо тавсиаи ҳамкориҳои судмандро ҷиҳати амалигардонии бандҳои Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, андешидани тадбирҳо ҷиҳати амалигардонии иқтисоди сабз, иҷроиши уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Конвенсияи Орхус дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор доданд.


    Бозгашт