| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷамъбасти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон дар соли 2022
    Ахбор

    Ҷамъбасти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон дар соли 2022                                            


    5 - уми январи соли 2023 дар толори Раёсати хоҷагии об ва беҳдошти замини вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон, ҷаласаи солонаи кории   Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  дар   соли 2022 доир гардид.

    Дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормадони дастгоҳи марказии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

    Сардори Сарраёсат Саидзода Идило аз натиҷаи фаъолияти солонаи Сарраёсат ва ҳамчунин шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон маъруза намуд.

    Мақомоти мазкур фаъолияти хешро дар соли 2022 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Вадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соҳаи ҳифзи муҳити зист сармашқи кори худ намуда, дар ҷамъбасти соли 2022 корҳои муайянеро иҷро намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд.

    Муовини якуми раиси Кумита ба кормадони дастгоҳи марказии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бобати беҳдошти муҳити зист ба самти афзалиятноки соҳа корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ва солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахшида ба ҷашнгирии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам тозаю озода нигоҳ доштан ва хурраму зебо гардонидани маҳаллаҳои аҳолинишин, роҳҳо, кўчаю хиёбонҳо ва эмин нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз ифлосиҳо ва баргузории бо сифати аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил», «Тозагии роҳ» бо ҷалби васеи кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолии вилоят тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

    Дар охир бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2022 муовини якуми раиси Кумита ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои ҳатмии хизматӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони соҳа дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

    САРДОР ДИЛО.jpg АЗ ТОЛОР.jpg СУРАТ ТОЛОР.jpg 

    Бозгашт