| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷамъбасти озмуни вилоятӣ дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма
    Ахбор

    Ҷамъбасти озмуни вилоятӣ дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма                                                                                                    

    изображение_viber_2022-09-28_13-07-02-241.jpg

    Санаи 27 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» байни кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Зимни баромад сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад нақши матбуот ва воситаҳои ахбори оммаро дар замони муосир қайд намуда, саҳми назарраси онҳоро оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ арзёбӣ намуд. 

    изображение_viber_2022-09-28_13-07-09-387.jpg

    Сипас ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои «Бахши телевизион» кормандони телевизиони «Синамо» Каримов О. ва “7 Ситора” Раҷабова Ӯ., номинатсияи «Бахши маводи матбуот» - корманди рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” Ваҳҳобова М. ва аълочии матбуоти Тоҷикистон  - Юсупов М. ва номинатсияи «Бахши радио» муҳаррири радиои вилояти Суғд Абдуллозода Н. ифтихорнома ва мукофотҳои пулии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд.  

    Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ роҳандозӣ гардидааст.


    Бозгашт