| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷамъбасти фаъолияти моҳи ноябр дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе
    Ахбор

    Ҷамъбасти фаъолияти моҳи ноябр дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе                       

    IMG_0104.JPG

    Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар моҳи ноябри соли ҷорӣ доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе фаъолияти Сарраёсатро таҳлил намуда, афзуд, ки ҷиҳати бењдошти муњити зист, таъмини амнияти экологї, баланд бардоштани маърифати экологии ањолї як қатор корҳо анҷом дода шуд.

    Иттилоъ дода шуд, ки барои вайрон намудани қонунгузориҳои амалкунанда дар самти ҳифзи муҳити зист аз љониби нозирони Сарраёсат нисбати 242 нафар шахсони воқеъӣ ва мансабдор, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

    Дар доираи иљрои фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” 2 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” доир гашта, аз ҳудуди соҳилу дарёву каналҳо 16,5 м3 партовҳои сахти маишӣ ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Гузашта аз ин, дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт 6 маротиба аксияи “Тозагии маҳал” роҳандозӣ гашта, дар ҳаҷми 106 м3 партов ҷамъоварӣ карда шуд.

    Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист  таъмиру таҷдиди 1761 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, рангуборкунии қуттиҳо, гузоштани дарвоза ва насби навиштаҷот дар нуқтаҳо амалӣ шуда истодааст.

    Дар ин зимн, бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе насби камераҳои мушоҳидавӣ дар нуқтаҳои осебпазир идома ёфта,  чунин тадбир имкон медиҳад, ки нуқтаҳои осебпазир ба таври шабонарӯзӣ назорат карда шуда, ифлосшавии муҳити зист ва қонуншиканиҳо дар ин самт пешгирӣ карда шавад.

    Бояд қайд намуд, ки равнақи корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тақвият ёфта, дар доираи ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ташаббусҳо  амалӣ шуда истодааст, ки дар таъмини ободонию озодагӣ ва сарсабзии шукуфоии пойтахт нақши муҳим мебозад.


    Бозгашт