| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров
    Ахбор

    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров

    Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд - Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид.

    Дар рафти амалиёт барои муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) 35 адад нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуданд.

    Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш нисбати ронандаи 1 адад воситаи нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ карданд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

     


    Бозгашт