| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Деваштич
    Ахбор

    Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Деваштич

    изображение_viber_2022-05-13_09-32-56-819.jpg

    Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Сарраёсат, мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Истаравшан - Хуҷанд (минтақаи Деваштич) ва кӯчаи марказии ноҳияи Деваштич амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

    Рафти амалиёт 66 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, ҳаҷми ихроҷи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз онҳо муайян гардид.

    Дар натиҷа нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.


    Бозгашт