| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
    Ахбор

    Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

    изображение_viber_2022-05-11_12-25-20-118.jpg

    Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва шуъбаи  мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар ҳамкорӣ бо нозирони БДА амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид.

    Дар рафти амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ), ҳамагӣ 43 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд.

    Дар натиҷа нисбати 10 адад ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳия, вобаста аз ҷойи истиқомат ирсол гардид.


    Бозгашт