| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар кӯчаи марказии шаҳри Истаравшан
    Ахбор

    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар кӯчаи марказии шаҳри Истаравшан

    Бо истифода аз мусоид омадани обу ҳаво ва тибқи нақшаи пешбинигардида дар шоҳроҳу кӯчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда истодааст.

    Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар кӯчаи марказии шаҳр чунин амалиёт доир гардид.

    Дар рафти ин амаиёт 25 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Барои муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ таҷҳизоти махсуси шуъбаи назорати таҳлилии Сарраёсат истифода гардид. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш ихроҷи партови моддаҳои ифлоскунандаи аз меъёри стандарти давлатӣ барзиёд ба ҳавои атмосфера дар чор ҳолат ошкор гардид. Нисбати ронандаи ин 4 адад воситаи нақлиёт протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

     


    Бозгашт