| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиётҳои назоратӣ ҷиҳати ба тартиб даровардани ҷойгиронии партовҳо дар ноҳияи Б.Ғафуров
    Ахбор

    Амалиётҳои назоратӣ ҷиҳати ба тартиб даровардани ҷойгиронии партовҳо дар ноҳияи Б.Ғафуров 

                         

    IMG-67698b13ed5e9447486060d72b10a561-V (1).jpg

    Ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ яке аз масъалаҳои мубрами экологӣ ба шумор рафта, ҷиҳати пешгирӣ ва ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маҳал пайваста чораҳои мушаххас меандешанд.

    Бо ин мақсад аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаҳои ноҳияи Б.Ғафуров амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуд. Дар ҷамоати деҳоти Ёва, минтақаи сойи Хоҷа - Бақирғон, ҳолати ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ошкор гардид. Сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров Бегматов Эркин бо истифода аз воситаи нақлиёти боркашони шахсии худ партовҳои истеъмолиро ба наздики сой оварда партофтааст. Ҳангоми ин рафтори ғайриқонунӣ шаҳрвандро нозирони сарраёсат боздошт карда, нисбати ӯ бо моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷаримабандӣ протокол тартиб дода шуд. Ҳамзамон, бо мақсади дар ҷояш бартараф намудани ҳолати пайдошавии партовҳои бесоҳиб аз нав ба нақлиёти шаҳрванд бор карда, ба партовгоҳи расмӣ интиқол гардид.

    Дар рафти амалиёти назоратӣ аз ҷониби нозирони сарраёсат боз як ҳолати ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ошкор карда шуд. Бо назардошти ин қонунвайронкунӣ нисбати 2 нафар шаҳрвандони соҳибзамин, ки заминҳои онҳо бо партовҳо ифлос гардидааст, санад ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

    Айни ҳол, тибқи супориши иҷроишаш ҳатмии санади мақомоти ҳифзи муҳити зист партовҳои бесоҳиби ҷамъгардида, ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуда истодааст.


    Бозгашт