| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиётҳои назоратӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот
    Ахбор

    Амалиётҳои назоратӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот

    Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами ҳайвонот, тибқи нақшаи корӣ ва фармоиши сардори сарраёсат «Оид ба гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот» аз тарафи нозирони шуъбаи ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаи пойгоҳи обкашии «Маҳрам-0» соҳили обанбори “Баҳри Тоҷик” ҳангоми ғайриқонунӣ доштани паррандаҳои хушхони саъба бо истифодаи қафас сокини ш.Конибодом - Олимов Б. боздошт гардид.

    Нисбати қонуншикан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом фиристода шуд.

    Паррандаҳои саъба ба муҳити табиӣ сар дода шуданд.

    Бозгашт