| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиёт дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ
    Ахбор

    Амалиёт дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ 

    Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши раиси Кумита аз 7 октябри соли 2021, № 245 «К» оид ба гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» ва Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2021 «Дар бораи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ баҳрӣ пешгирии фурӯши ғайриқонунии моҳӣ, гӯшти паранда, маҳсулоти ҳайвоноти  ваҳшӣ дар бозору кӯчаҳо ва роҳҳои автомобилгарди  ҷумҳурӣ»  мутахассисони раёсати марбутаи Кумита сафарбар шуда буданд.

    Дар рафти гузаронидани амалёти назоратӣ дар ҷамоати деҳоти «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон 5 ҳолати интиқоли ҳезум ва шох аз тарафи сокинони деҳаҳои Шаҳидон, Садаҳо ва Даштарҳо  бо автомашинаи боркаши тамғаи «Газ 66» муайян карда шуда, нисбати шахсони қуруқшикан протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Балҷувон супорида шуд. 

       
    
    Бозгашт