| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амали хайр дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе
    Ахбор

    Амали хайр дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон таъкид намуда буданд, ки: “Иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгирию навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатону муҳтоҷон, аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусалмони савоббҷӯ мебошанд. Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад”.

    Бо пайравӣ аз ҳамин ҳидоятҳои хайрхоҳона 29 апрел бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илм ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. дар арафаи Иди саиди Фитр ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби Кумита хони идона густурда шуд. Дар ин дидор туҳфаҳои идонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаби мазкур дастрас карда шуд.

    Қаблан аз ҷониби Кумита дар муассисаи мазкур корҳо ҷиҳати шинонидани гулҳои мавсимӣ, рангу бор намудани деворҳои ошхона, дигар деворҳои муайянгашта, ороиш додани деворҳои ошхонаю қисми беруна бо навиштаҷотҳо ва баннерҳо, васл намудани дастшуякҳо дар ҳаммом ва ошхона ва як қатор корҳои дигар ба анҷом расонида шуданд.

    Ҳамзамон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз шароити ошхона, синфхонаҳо, хобгоҳ, дигар ҷойҳои мактаб дидан намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

     



    Бозгашт